COVID-19: Чанд хабари мухтасар аз Тоҷикистон ва олам

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми дирӯз хабар дод, ки дар кишвар боз 35 сироятшудаи нав ба коронавирус сабт шудаву 38 нафар баъди муолиҷа аз беморхонаҳо ҷавон шудаанд.  Бино ба  маълумоти ин вазорат аз аввали ҳамагирӣ дар кишвар 16 852 нафар ба COVID-19 гирифтор шуданд ва 99,1% онҳо шифо ёфтаанд. Аз оғоз то ба имрӯз 124 нафар дар Тоҷикистон аз COVID-19 ҷон бохтанд.

Иттиҳодияи Аврупо 70 дарсади шаҳрвандони худро зидди коронавирус эм кард.  Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо дар ИМА ба онҳое, ки ба кишварҳое чун Озарбойҷон, Швейсария, Эстония, Македонияи Шимолӣ ва Сент-Люсия сафар мекунанд, ҷиддан ҳушдор дод, ки хеле эҳтиёткор бошанд. Дар кишвраҳои номбурда сироят ба коронавирус дар ҳоли авҷи бесобиқа аст.

Иморати Абу-Дабӣ аз имрӯз, якуми сентябр карантини ҳатмӣ барои вуруди шаҳрвандони  55 кишвари олам, ки ба рӯйхати сабз ворид шудаанд, лағв мекунад.

Дар Русия шабонарӯзи гузашта 17 813 ҳодисаи нави сироят ба коронавирусро ба қайд гирифтаанд.

Дар айни замон дар Русия ваксинакунии умумӣ идома дорад ва шаҳрвандони ройгон ба ҳар намуд ваксинаи иҷозатшуда метавонанд худро эм кунанд. Дар қаламрави Федератсияи Русия ваксинаҳои  «Спутник V», «Спутник Лайт»«ЭпиВакКорона»«КовиВак» ва «ЭпиВакКорона-Н» дастрасанд.

Русия тасмим гирифтааст ба Тоҷикистон бастаҳои наву иловагии тестҳо барои муайян кардани коронаувирусро дастрас кунад.