Covid-19: Шумори мубталоён ба 231 миллион ва ҷонбохтагон ба 4,8 миллон нафар наздик мешавад

Бино ба омори Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА то субҳи имрӯз, 23 сентябри соли 2021 дар олам  230 миллиону 947 ҳазору 956 нафар гирифтори  коронавирус Covid-19 шуда буданд. Зарафи шабонарӯзи гузашта  280 ҳазору  169 нафар чун мубталои нав сабт шуд. Теъдоди фавтидагон ба 4 миллиону 734 ҳазору 237 нафар расид ва зарфи 24 соати сипаришуда 5 845 нафари дигар аз ин бесорӣ ҷони худро аз даст доданд. Ин манбаъ шумори пурра шифоёфтагон дар оламро 207 миллиону 645 ҳазору 879 нафар эълон кард.

Дар се кишвари олам, ИМА, Ҳинд ва Бразилия теъдоди мубталоён аз 20 миллион нафар беш аст. Аз ҷумла дар ИМА 43 404 846 нафар, дар Ҳинд 33 миллиону 531 ҳазору 498 нафар ва дар Бразилия 21 миллиону 247 ҳазору 94 нафар ба ин вирус гирифтор шудаанд.

Дар ИМА аз аввали ҳамагирӣ 699 748 нафар, дар Ҳинд 445 ҳазору 768 нафар ва дар Бразилия 591 ҳазору 440 нафар аз COVID-19 ҷон бохтаанд.

То ба имрӯз дар саросари олам 5 миллиарду 964 ҳазору 852 дозаи ваксинаи зидди коронавирус тақсим карда шудааст. 

Шабонарӯзи гузашта дар Русия  19 179 нафар мубталои навро сабт карданд ва шумори умумии гирифторон ба COVID-19 ба 7 333 557 нафар ва фавтидагон 200 625 нафар расид. Мақомоти тандурустии Русия гуфтаанд, ки 6 542 213 нафарро аз ин вирус табобат кардаанд.

Вазорати тандурустии Украина аз сирояти боз 6754 нафар ба COVID-19 хабар дод. Дар миёни мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар дар 24 соати гузашта 625 нафар кӯдакон ва 125 нафар кормандони тибб будаанд.   

Аргентина сар аз аввали моҳи ноябр марзҳои худро барои кулли кишварҳо боз мекунад. Вале барои вуруд ё шаҳодатномаи ваксиншуда бояд дошт ва ё натиҷаи тести коронавирус, ки зарфи 7 рӯзи гузашта содир шуда бошад.  

Дар Тоҷикистон аз аввали ҳамагирӣ 17 084 нафар чун мубтало ба коронавирус ба қайд гирифта шуданд ва аз он 124 нафар ҷон бохтанд. Шумори шифоёфтагон 16 960 нафар мебошад.