Дар садамаи мошин дар роҳи Душанбе-Рӯшон-Хоруғ се нафар ба ҳалокат расиданд

Рӯзи 01.11.2021 дар километри 474-уми шоҳроҳи Душанбе-Рӯшон-Хоруғ дар мавзеъи деҳаи Штапи ҷамоати деҳоти М.Абдулвосиев мошини тамғаи “Тайота Ҳундай”, ки мутааллиқ ба нерӯгоҳи барқии обии Роғун мебошад, бо сабабҳои номаълум ба дарёи Панҷ сарозер гардида, дар натиҷа ронанда бо 3 нафар мусофиронаш ба ҳалокат расиданд.

Баъд аз дарёфти хабари садамаи мудҳиш наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Хоруғ ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд.

Ду нафар аз ҷумлаи ҳалокшудагон сокинони ноҳияи Роштқалъа ва як нафари онҳо сокини ноҳияи Ёвон будааст. 

барчасп: