Ҳамоиши Глазго ва интизориҳои ҷомеаи башарӣ

Аз аввали ҳафтаи ҷорӣ дар шаҳри Глазгои Шотландия ҳамоиши иқлимии КС-26 бо ширкати намояндагони аксари кишварҳои олам оғоз ба кор кардааст. Тавре аз гузориши расонаҳо огоҳ шудем, ҳадафи аслии ин ҳамоиш, ки қарор аст бештар аз ду ҳафта идома кунад, ҷамъбасти аввалин дастовардҳои Муоҳадаи Порис дар мавриди тағйири иқлим аст, ки соли 2015 имзо шуда буд. Тоҷикистон низ ширкаткунандаи ин муоҳада мебошад.

Аслан партоби пайвастаи моддаҳои заҳрогин, газҳои гулхонаӣ тӯли якуним асри охир ба он оварда расонд, ки ҳарорати Замин ба ҳисоби миёна тахминан 1,1 дараҷаи Селсия афзоиш ёбад. Шояд мо гумон кунем, ки 1,1 дараҷа афзудани гармӣ чӣ зарар дорад, чандон рақами даҳшатнок ҳам нест-ку. Ба диди аввал, оре чунин аст. Вале ба ин нуктаи муҳим бояд таваҷҷуҳ кард: яхҳо дар ҳарорати 0 дараҷа алакай об мешаванд (яхҳои баҳрӣ бошанд дар – 2). Ва ин ба он маъност, ки дар минтақаҳои шимол ва ноҳияҳои кӯҳӣ, ки қисмати бештари сол бо яху барф пӯшида шудаанд ва дар ҳоли яхбастагии ҳамешагӣ қарор доранд, ҳатто ҳамин 1 ё 1,5 дараҷа афзоиш ёфтани дамои ҳаво метавонад фоҷеабор бошад. Ин барфу яхҳо об мешаванд ва аз кӯҳҳо ба водиҳо мешоранд ва худро ба обҳои уқёнус мерасонанд, ки дар натиҷа сатҳи об боло меравад ва соҳилҳои наздикро мепӯшад, ба аҳолӣ хисорати зиёд ворид мекунад. Ин гуна ҳодисаҳо дар Тоҷикистон аллакай рух доданд. Чанд тобистони охир бе ягон борон дар минтақаҳои мухталиф омадани сел ба қайд гирифта мешавад, ки баъзан харобиҳои зиёдро ҳам бадунбол дорад. 

Аз сӯи дигар аз ҳисоби об шудани пиряхҳо майдони хушкӣ дар Замин зарфи 30 соли охир 58 ҳазор метри мураббаъ афзоиш ёфтааст.

Дуюм, 1,1 ин ҳисоби миёнаи гармоиши Замин аст. Дар асл Сайёра ба таври номуназзам гарм мешавад: баъзе аз қисматҳо бештар метасфанд, баъзе минтақаҳои дигар сусттар.

Шояд касе суол кунад, ки магар ин хатарнок аст? Донишмандони посухи қотеъ доранд ва мегӯянд, оре ва барои дарки миқёси хатар лозим меояд баъзе факту рақамҳоро таҳлил кунем. Зарфи  бист соли охир дар олам шумори селҳо, обхезиҳо, ярч, тӯфон ва дигар ҳодисаҳои фавқулода қариб ду баробар афзудааст. Аз соли 2010 то 6 моҳи соли 2021 дар Тоҷикистон  417 ҳодисаи омадани сел ба қайд гирифта шуда, бар асари он 104 нафар ҷон бохтаанд. 126 ҳодисаи ярч ҷони 71 нафарро гирифтааст. Бар асари 250 ҳодисаи лағзиши тарма 86 нафар қурбон шудаанд. Дар ин муддат 55 маротиба аз баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳо гузориш расидааст. 

Ва ҳамин гуна далелҳоро метавон аз минтақа ва олам овард. Донишмандон мегӯянд агар ин ҳол идома кунад, ояндаи инсон зери хатар қарор мегирад. Бино ба таҳқиқотҳои ахир тағйири иқлим сабабгори биёбоншавии қисмате аз заминҳои сероб мешавад ва ин худ зояндаи хушксоливу гуруснагӣ аст.

Ҳоло оли мон ба ин назар расидаанд, ки  инсон дигар интихоб надорад, ки партобҳоро коҳиш диҳад ё ба ҳоли худ гузорад. Инсон ҳоло ҳамин фурсатро дорад, ки ҳарчи зудтару сареътар даст ба кор шавад ва барои коҳиши газҳои гулхонаӣ иқдомҳои ҷиддиар кунад. Зеро бино ба таҳлилҳо фоҷеаҳои мудҳиши табииро метавон на дертар аз соли 2030 шоҳид буд.   

Баҳсҳо атрофи ин масъала хеле зиёданд, нуқтаи назарҳо низ. Ва посухҳои дуруст ба суолҳои зиёд ҳам ҳастанд, ки илмианд. Аммо аз миёни ҷавобҳои зиёд ду посухро муҳимтар медонанд. Аввалан ин ки ҳодисаҳои гармшавӣ дар сайёраи мо пештар ҳам ба мушоҳида расида буд. Вале онҳо ҷаҳониву фарогир набуданд. Аз ин рӯ, ҳоло баъзеҳо ба ин назаранд, ки сабабҳои аслии ин гармшавӣ дақиқан маълум нестанд. Ин аст, ки баҳсҳо беш аз пеш зиёд мешаванд, ҳар муассисаи таҳлили аргументҳои худро пешниҳод мекунад, ки то ҷойе намешавад ба онҳо низ розӣ набуд. Ва агар дар як масъала фикрҳо гуногун бошанд, то ҳадде гумроҳкунанда аст. Аз ин рӯ лозим омад ин ҳама нуқтаи назарҳо пурра ва ҳамаҷониба омӯхта шаванд. Ҷойи пинҳон кардан ҳам нест, ки дар ҳақиқат ҳам илм муддати тӯлонӣ аз баёни хулосаҳои ҷиддӣ ва яқин худдорӣ мекард, чун омӯзиши ҳолат идома дошт, пажӯҳишҳо хулоса нашуда буданд.

Аммо моҳи августи соли 2021 билохира гурӯҳи таҳлилгарони байналмилалӣ хулосаи ниҳоии худро интишор доданд, ки ба ин нукта таъкид мешавад: дар тағйири ҷаҳонии иқлим инсон нақши муҳим дорад. Яъне як сабаби аслии ин гармоиш худи инсон аст, ки бо фаъолиятҳои худ ба табиат таъсир расондааст.   

Дуюм, гармоиши кунунӣ ҷаҳонист

Дуюм, гармшавии кунунӣ ҷаҳонист ва ҳоло ягон кишвар ба танҳоӣ наметавонад ин мушкилро ҳал кунад.

 

Чаро ҳамоиши Глазго барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле муҳим аст?

Зеро КС-26 ин ҷаласае хоҳад буд, ки ҳама мушоҳидаҳову пажӯҳишу таҳқиқотҳоро ҷамъбаст мекунад, аз корҳои анҷомшуда дар доираи Муоҳадаи Порис низ натиҷагирӣ мекунад. Яъне, таҳлил хоҳад шуд, ки аз замони имзои Муоҳадаи Порис дар олам чӣ корҳое анҷом шуданд, кадом давлат дар доираи ин муоҳада чӣ кореро дар мавриди коҳиши партобҳо ва газҳои гулхонаӣ анҷом додааст ва солҳои оянда чӣ нақшаҳо дар ин замин дорад. Ин муоҳадаро аслан стратегияи инсон оид ба пешгирӣ аз фалокати иқлимӣ меноманд, ки онро 175 кишвар олам имзо кардааст. ҳамаи ин кишваҳо хуб медонанд, ки зери чӣ муоҳаде имзо кардаанд. Худи онҳо медонанд, ки беш аз 1,5 дараҷа гарм шудани иқлим дар рӯи замин фалокатовар хоҳад буд.

 

Муоҳадаи Порис чист ва чаро пайваста аз он ёдоварӣ мешавад?

Аслан як муоҳадест, ки наметавон дар як суҳбати кутоҳ пурра дар бораи он ҳарф зад. Мухтасар он аст, ки аз давлатҳое, ки имзо кардаанд, талаб мекунад партоби газҳои гулхонаиро коҳиш диҳанд. Корҳоеро анҷом диҳанд, ки ҳарорати сайёра, ки ҳоло 1,5 дараҷа гарм шудааст, аз ин бештар гарм нашавад ва ҳатто ин нишондод низ бояд коҳиш дода шавад. Масъалаи дигар бояд кишварҳои сарватманд миллиардҳо долларе пайдо кунанд ва ба мамолики фақир барои муборизаашон ба муқобили гармои шадид кумак намоянд.

Чуноне ишора рафт, аввалин саммити тағйири иқлим мебоист соли гузашта баргузор мешуд ва он натиҷаи корҳои анҷомшуда дар доираи муоҳадаи Порисро дар панҷ сол ҷамъбаст мекард. Вале мутаассифона авҷи бемории КОВИД монеъ шуд. То ҳадде метавон гуфт, ки иҷрои бандҳои созишномаи Порис ҳам таъхир шуд, чун маблағҳои бештар сарфи мубориза бо коронавирус шуданд. Дар аксари давлатҳои олам моҳҳо карантин ҷорӣ буд, корхонаҳо ба кори фосилавӣ гузаштанд. Бар замми ин баъзе кишварҳо, аз ҷумла ИМА пурра аз созишномаи Порис хориҷ шуданд. Қариб ду сол лозим шуд, ки Вашингтон дубора ба ин созишнома баргардад.

Ҳоло умед аст роҳбарони кишварҳои узв билохира иқдомҳои созандае кунанд ва ҳадафҳоеро пеш гузоранд, ки дар иҷрои он худашон ҳавасманд бошанд.  

 

Ҳиссаи Тоҷикистон дар олудагии ҳаво то куҷо хатарнок аст?

Тоҷикистон дар миёи 200 кишвари ҷаҳон аз рўйи партовҳои қиёсии дуоксиди карбон дар ҷойи 150-ум қарор дошта, ба гурўҳи кишварҳои хориҷкунандаи ҳаҷми ночизи партови гази гармӣ шомил аст. Дар як суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст: “Партови газҳои гармӣ дар Тоҷикистон ба ҳар нафар аз меъёри миёнаи ҷаҳонӣ хеле кам (соле камтар аз 1 тонна ба сари ҳар одам) буда, кишвари мо дар Осиёи Марказӣ аз рўйи ҳаҷми партовҳо ҷойи охирро ишғол мекунад ва ҳиссаи он дар миқёси минтақа камтар аз 5 фоизро ташкил медиҳад, ки ин пеш аз ҳама, ба истифодаи гидроэнергетика вобаста аст. Зеро беш аз 95 фоизи энергия дар мамлакати мо дар нерўгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад, ки онҳо  манбаи партовҳои зарарнок ба ҳисоб намераванд”.

 

Бо истифода аз маводҳои  шабакаҳои иҷтимоӣ таҳияи Б.Шафеъ.

барчасп: