Мусобиқоти варзишӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Раёсати Хатлон

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба муносибати ҷашни 27-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишии футбол, вазнбардорӣ, давидан ба масофаи 100 метр ва шашкаву шатранҷ баргузор гардид.

Дар ин мусобиқаҳо дастаҳои қисми ҳарбии 45989-и КҲФ  дар вилояти Хатлон ширкат карданд.

Ғолибони мусобиқа бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудаанд.

Дар охири чорабинӣ қисми ҳарбии мазкур барои ширкаткунандагон дастурхони идона ташкил намуд. 

Расмҳо аз ҷараёни баргузории ин мусобиқот.

 

М.Муйдинов.