Ҳамлаи каждумҳо дар Миср: се нафар ҳалок ва садҳо тани дигар захмӣ шуданд

Бар асари газидани каждумҳо дар Миср 3 нафар ба ҳалокат расиданд ва садҳо тани дигар захмӣ шуданд. Каждумҳои хобида баногаҳ баъди боронҳои шадид ва раъду барқ ба кӯчаҳо рехтанд, ба хонаҳои мардум даромаданд. 

Ҳамлаи шадиди каждумҳо ба одамон бештар дар шаҳри Осун, ки як шаҳри ободи кишвари Миср дар соҳили дарёи Нил мебошад, ба қайд гирифта шудааст. Бино ба маълумоти намояндаи вазорати тандурустии Миср дар Осун то кунун наздик ба 450 нафар сокинон бо шикояти каждумгазӣ ба бемористонҳо муроҷиат кардаанд. 

Мақомот гуфтаанд, ки рӯзи ҷумъаи гузашта дар навоҳии соҳилии рӯди Нил боронҳои шадид бориданд, ки бо раъду барқ ҳамроҳ буданд. Маъмулан каждумҳо ва ҳатто баъзан морҳо низ дар чунин ҳавои боронӣ аз лонаҳои худ берун мехазанд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти беҳдоштии Миср иттилоъ додаанд, ки беморхонаву бунгоҳҳои тиббии наздисоҳилӣ дозаҳои бештари зиддизаҳр дастрас кардаад.

Ҳоло аз сокинон хоста шудааст аз хонаҳои худ бе зарурат берун нашаванд ва ба маконҳое, ки дарахтони зиёд доранд, низ нараванд. 

Миср ватани каждумҳои думпаҳни арабист, ки истилоҳи илмии он Androctonus crassicauda мебошад. Ва ин навъи каждум дорои кушандатарин заҳр дар рӯи замин аст. Заҳри ин гунаи каждум метавонад инсонро дар муддати камтар аз як соат ба ҳалокат расонад. 

Нишонаҳои каждумгазӣ душворӣ дар нафаскашӣ, рагкашӣ ё ихтилоҷ дар мушакҳо ва такон додани сар аст.

Маъмулан подзаҳрҳо (доруҳои зидди заҳр) чун чораҳои пешгирикунанда ба зуҳури аломатҳо истифода мешаванд, вале онҳо ҳамчунин метавонанд баъди пайдо шудани аввалин аломатҳо низ мавриди истифода қарор гиранд. 

 

КАЖДУМҲО КАЙ ПАЙДО ШУДАНД?

Дар робита ба хабар хостем ба таърихи пайдоиши каждумҳо руҷӯъ кунем ва ҳамчунин донем, ки заҳри аксари кулли и каждум то куҷо барои инсон хатар дорад.

 Агар шумо мехоҳед донед, ки ним миллард сол пеш аз ин тортанакшаклони қадим дар давраи палеозой чӣ намуд доштанд, пас ба ҳамзамони мо – каждум нигаред. Дар миёни ҳамаи тортанакшалон каждум ба андозаи худ (до 20 см) пешсаф аст. Вале гузаштагони мурдаи онҳо – харчангкаждумҳо баъзан то 1,8 метр дароз мешуданд ва бумии рӯдхонаҳо, резишгоҳи дарёҳо ва халиҷҳои давраи палеозой буданд. 

Харчанкаждумҳои азимҷусса ба каждумҳои начандон бузурги ғалсамадор оғоз бахшиданд. Ахириҳо панҷаҳои шиноварии худро аз даст доданд ва худро ба ҳаёти нимаобӣ мутобиқ карданд. Наздик ба 290 миллион сол пеш ҳамаи каждумҳои обӣ мурданд. 

Донишмандон дар саросари олам беш аз 700 намуди каждумро ба қайд гирифтаанд. Бисёриҳо каждумро сокин ва рамзи биёбон медонанд. Вале як қисмати бештари каждумҳо дар бешаҳои гарму нарм ва субтропикии қариб ҳамаи гӯшаву канори Сайёра зиндагӣ мекунанд. Баъзан онҳоро дар манотиқи нисбатан серун, масалан дар баланкӯҳҳои то 3-4 км низ дидан мумкин аст. Дар чунин ноҳияҳо фасли сармо каждумҳо ба хоб мераванд.

Дар олам ягон буғумпойи дигаре нест, ки мисли каждум одамонро ба воҳима меандохта бошад. Вай гӯё шабона барқасдона ба одами хобида неш мезанад. Тибқи баъзе боварҳо аз каждумҳо дӯзах меҷӯшад. Кимёгарони асри миёна бо истифода аз заҳри каждум талош кардаанд фулузоти гуногунро ба тилло табдил диҳанд. Дар Мисри бостон каждумро чун ҳайвони муқаддас мепарастиданд. Исми каждум дар ситорашиносӣ низ бурда мешавад ва номи як бурҷ Ақраб (каждум) аст.

Каждум дар адабиёти қадимии тоҷик образи манфист. Ин байт аз як ҳикояти Абдурраҳмони Ҷомӣ дар “Баҳористон”-и ӯ миёни мардум маъмул аст:

 

Неши ақраб на аз пайи кин аст,
Муқтазои табиаташ ин аст.

 

Шуҳрати шуми каждум дар заҳрдории он аст. Қисмати ақиби бадани вай, ки бо забони оддӣ он “дум” мебошад – бо дандонаи каҷшудаи неш “оро” ёфтааст ва дар дохили неш ду ғадуди заҳрдор дорад. 

Рӯзона каждумҳо дар зери сангҳо ва ё решаҳои хушкидаи дарахтон паноҳ мебаранд ва ба ин мақсад хокро мешикофанд ва пинҳон мешаванд. Шабонгаҳ онҳо ба шикор мебароянд. Бештар тортанакҳо ва ҳашаротҳои гуногунро шикор мекунанд, каждумҳои нисбатан калонҷусса бошанд, ҳатто баъзе хояндаҳо ва калтакалосҳоро ҳам мехӯранд. 

Барои ҳайвончаҳои хурд ва бемуҳраҳо неши каждум марговар аст, аммо баъзе маймунҳо хӯрдани каждумҳоро омӯхтаанд. Онҳо “дум”-и заҳрдорро аз он ҷудо мекунанд ва худи каждумро фурӯ мебаранд. 

Барои одам неши каждум хеле дардовар аст (варам, вараҷа, болоравии ҳарорати бадан), вале ба ҳаёти инсон таҳдид намекунад. Танҳо чанд ҳодисаи марги кӯдакон аз неши каждумҳои бузурҷуссаи тропикӣ маълум аст. Вақтҳои охир заҳри каждумро бо мақсадҳои табобатӣ истифода мебаранд, онҳоро дар “фермаҳои” махсус ҷамъ меоранд ва заҳрашонро мегиранд. Дар морхонаи машҳури Бутантани Бразилия басо муваффақона ба парвариши каждумҳо машғуланд. Баъзе ҳаводорону дӯстдорони ҳайвонот каждумҳоро дар шароити хона низ нигоҳ медоранд. 

Каждумҳои бузургсол ҳамдигарро бад мебинанд ва баъзан ҳамҷинсони худро мехӯранд. Душмани хатарноки каждум, ғайр аз одам боз худи каждумҳои нисбатан бузургҷуссаанд.

Каждумҳои аз 8 то 10 сол ва баъзан бештар аз он умр мебинанд. 

 

ТАВЛИДИ КАЖДУМ

Дар остонаи бордор шудан каждумҳои нарина ва модина, ки чанголҳояшон ба ҳам васл шудааст, думашонро боло бардошта “сафари чандинсоатаи тӯёнаро” оғоз мекунанд. Нарина қатраи нутфаи моеъро болои хок мегузорад ва онро модина мебардорад. Тухми каждум дар батни модар пайдо мешавад ва бачаҳои зинда таваллуд мекунад. Каждумҳо падару модарони ғамхоранд. Модина бачаҳои таваллудкардаи худро ҳифз мекунад ва дар ҳафтаи аввали таваллуд онҳоро дар пушташ мегардонад. 

 

Таҳияи Б.Шафеъ