Таҷлили Рӯзи Парчам дар Раёсати КҲФ дар шаҳр и Душанбе

Рӯзи 24 ноябри соли 2021 бо риояи талаботи беҳдоштию зидиэпидемикӣ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Рӯзи Парчам давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид.

Гуфта шуд, ки мутобиқи моддаи 3 – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат маҳсуб меёбанд. Парчами давлатии Чумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Тоҷикистон, ки дар Касри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, қабул карда шуд. Дар Парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихи тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлатӣ инъикос меёбанд. Рангу аломатҳои парчам ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи бостонии мост.

Бори нахуст 24 ноябри соли 2009 рӯзи парчам таҷлил карда шуд. Бо ибтикор ва иқдоми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бузургтарин Парчами давлатиамон гузошта шуд  ва он ба китоби  Рекордҳои Гинес ворид гардид. Майдоне, ки дар он ҷо Парчами бузурги мо ҷойгир аст,  Хиёбони Парчами миллӣ номгузорӣ шуд. Имрўз Парчами давлатии Чумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар мамламкати худамон ва дар давлатҳои дунё парафшон буда, аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва озоду ягона дарак медиҳад.

Маврид ба зикр аст, ки  дар Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Раиси Кумита як нафар хизматчии ҳарбии Раёсат лейтинанти калон Додова Х.К., бо рутбаи навбати капитан қадрдонӣ карда шуд.

              

Алекулов Ҳ.