Сабти ду ҳодисаи лағзиши тарма дар роҳи Рӯшон – Бартанг. Хатар дар роҳҳо ҳамоно боқист. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Бар асари бориши шадиди барф дар чанд рӯзи охир дар роҳҳои Душанбе – Айнӣ, Рашт – Сангвор, Ванҷ – Рӯшон – Хоруғ – Ишкошим хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мондааст.

Бино ба иттилои расида аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ шабонарӯзи гузашта дақиқан соати 13:40 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километрҳои 51 ва 53 роҳи мошингарди Рӯшон – Бартанг, ки аз тариқи рустои Даржом мегузарад, ду ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. 

Барои поксозии роҳ хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ техникаи махсус ҷудо кард, ки шабонарӯз навбатдорӣ мекунад ва паёмадҳои ҳар офат сари вақт бартараф карда мешаванд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоно аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад ҳангоми сафар аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ хеле эҳтиёткор бошанд. Худдорӣ аз сафарҳои безарурат ҳамеша хуб аст. Ронандагон бояд ҳангоми сафар дар чунин роҳҳо фосиларо риоя кунанд ва аз боло бурдани суръати ҳаркат худдорӣ намоянд.

барчасп: