Машғулиятҳои омӯзишӣ барои кормандони “Почтаи тоҷик” дар Хатлон

Дар  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон рӯзи гузашта, 16-уми феврал санҷиш ва расонидани кўмаки амали-методӣ, гузаронидани машғулияти намунавӣ бо кормандони Корхонаи воҳиди давлатии  «Почтаи тоҷик»  дар  вилояти  Хатлон  ба  роҳ  монда  шуд.

Бояд қайд намуд, ки бо 15 нафар кормандони  Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик» машғулияти  намунавӣ доир ба мудофиаи  гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда  ташкил карда, дар рафти он бо ҳайати роҳбарикунанда ва кормандон саволу ҷавобҳо гузаронида шудаанд.

Мақсади гузаронидани санҷиш ва омӯзиш дуруст тартиб додани ҳуҷҷатгузориҳо, роҳандозии машғулиятҳо, машқҳо ва дигар чорабиниҳо дар самти мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода, расонидани  ёрии  амалию  методӣ  ва дар ҳар гуна ҳолатҳои фавқулодда дуруст амал намудани онҳо иборат буд.

 

М.Муйдинов.