Боздид аз Осорхонаи миллӣ

22 феврали соли 2022 дар остонаи солгарди таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зумрае аз кормандон ва хизматчиёни ҳарбии қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд. Ҳадаф ошноӣ бо мероси таърихӣ-фарҳангии халқи тоҷик буд.

Онҳо толорҳои “Асри санг”, «Саразм»,  «Империяи Ҳахоманишиён”, “Хазинаи Амударё”, «Давлатҳои Юнону Бохтар”, «Империяи Кушониён», “Сосониён ва Ҳайтолиён», «Панҷекати бостон», «Мероси хаттӣ», «Аҷинатеппа», «Давлати Сомониён», «Илму фарҳанг дар замони Сомониён”, «Хаттотӣ»,«Тангаҳо”,«Таҷикистон дар солҳои 1917-1940», «Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, «Тоҷикистон дар солҳои 1950–1990», «Истиқлол» ва «Дастовардҳои замони Истиқлол” – ро тамошо карданд.

Кормандони Кумита ва низомиён  дар бораи таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик аз асри санг то даврони Истиқлолият маълумоти ҳамаҷониба гирифтанд.

Чунин чорабиниҳо дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, огоҳӣ аз арзишҳои фарҳанги миллӣ, таърихи ниёгон, бедор намудани ҳисси худшиносӣ дар онҳо нақши муҳим мебозанд.

барчасп: