Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Восеъ

Тибқи нақшаҳои қаблан таҳияшудаи тайёрии мудофиаи гражданӣ кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и деҳаи Сулҳободи ҷамоати деҳоти Тугарак як силсила корҳои амалӣ ҳангоми таҳдидҳои ҳолатҳои фавқулоддаи гуногун гузарониданд.

Дар тамринҳои намоишӣ роҳбарияти шуъбаи маориф, мудирони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, 65 нафар омӯзгорон, 986 нафар хонандагон, кормандони шабакаҳои барқ, ёрии таъҷилии тиббӣ, дастаҳои оташнишонӣ иштирок намуданд.

 Дар ҷараёни соати тарбиявӣ мактаббачагон бо воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва қоидаҳои эвакуатсия шинос карда шуданд, зарурати риояи қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор таъкид шуд, байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ озмуни расмҳои бачагона гузаронида шуд.

Марҳилаи навбатии Рӯзи мудофиаи гражданӣ омӯзиши умумимактабӣ оид ба интиқоли хонандагон ва кормандон дар ҳолати фавқулодда буд.

барчасп: