Иштироки кормандони КҲФ дар Рӯзи дави миллӣ

15-уми майи соли 2022 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рўзи дави миллӣ фаъолона ширкат намуданд.

Рўзи дави миллӣ дар Тоҷикистон бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола рўзи якшанбеи сеюми моҳи май баргузор гардида, ҳадафи он таблиғи тарзи ҳаёти солим, таҳкимбахшӣ ва оммавигардонии варзиш дар тамоми кишвар мебошад.

Дар чорабинии мазкур дар қатори дигар намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 100 нафар кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.

барчасп: