Дар Шаҳринав низ дарсҳои мудофиаи гражданӣ гузарониданд

Рӯзи 17 майи соли 2022 кормандони Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишҳои кормандони хоҷагии боғпарварии ба номи М.Турсунзода дар мавзӯъи “Амали қувва ва воситаҳои ғайринизомӣ ҳангоми офатҳои табиӣ” дарсҳои махсуси тактикӣ гузарониданд.

Машқ тибқи нақшаи асосии чорабиниҳои КҲФ оид ба мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022 баргузор гардид.

Дар чорабинй 15 нафар коркунони хочагй иштирок доштанд. Бо истифода аз ҳашар якҷо бо аҳолии маҳаллӣ 75 метр канали буриши сели деҳаи Савдаи ҷамоати деҳоти Боғистонро тоза карданд.   

Ҳамчунин, дар ин рӯз аз ҷониби кормандони Раёсати Кумита дар мавзӯи: «Амалиёти роҳбарияти хадамоти қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании ноҳия ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда” машқҳои фармондеҳию ситодӣ ташкил ва гузаронида шуданд. "

 Дар тамрин раисони маҳаллаҳо ва 58 нафар аҳолии маҳаллии ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Шаҳринав ширкат варзиданд. Дар натиҷаи кори муташаккилона 230 метр сел ва ҷӯйборҳои наздиҳавлигии аҳолии маҳаллӣ тоза карда шуд.

Илова бар ин, дар байни ҳайати роҳбарикунанда алгоритми амалҳо дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, яъне омодасозии аҳолӣ, зуд барқарор намудани фаъолияти иншооти зарурии коммуналӣ, таъмини устувории фаъолияти ташкилотҳо ва тайёрии доимии кувваю воситаҳо мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

барчасп: