Омӯзишҳои мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Вахш

Бо мақсади иҷрои Нақшаи асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирӣ, вокуниш ва рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулода дар соли 2022 ва дастури Раиси вилояти Хатлон “Дар бораи ташкил ва гузаронидани санҷишҳо ва омӯзишҳои маҷмуъии мудофиаи гражданӣ” аз 16 то 18 майи соли 2022 дар қаламрави ноҳияи Вахши вилояти Хатлон кормандони Кумита омодагии қувва ва воситаҳои ноҳия дар мудофиаи гражданиро санҷиданд.

Ин омӯзишҳо дар мавзуъи “Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳо барои пешгирӣ ва бартараф кардани паёмадҳои ҳолатҳои фавқулода” баргузор шуд.

17-уми майи соли ҷорӣ дар қаламрави деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти “20-солагии Итиқлолияти Тоҷикистон” бо ҷалби қувва ва воҳидҳои Системаи ягонаи давлатии ноҳияи Вахш оид ба пешгирӣ ва рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ ва ҷалби сокинон бо роҳи ҳашар корҳои поксозии селроҳаҳо, ҷӯйборҳо ва каналу заҳбурҳо гузаронида шуданд.

Дар ин чорабинӣ 4 мошиши махсуси тамғаҳои гуногун, 450 кормандони ташкилоту идораҳо, хадамоти мудофиаи гражданӣ ва аҳолии деҳа ҷалб карда шуданд. 

18 майи соли равон тибқи як барномаи омӯзишӣ сокинони деҳаҳои “8 Март” ва Шӯртеппаи ҷамоати деҳоти ба номи Кирови ноҳияи Вахш аз макони хатарнок ба ҷойи амн интиқол дода шуданд. Ба ин мақсад мошинҳо бо ҷалби хадамоти мудофиаи гражданӣ истифода шуданд. 

Дар чорабинӣ 70 мошини тамғаи гуногун ва беш аз 1500 нафар сокинон иштирок карданд.