Санҷиши маконҳои оббозӣ аз ҷониби кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе низ дар остонаи фасли гарм як силсила корҳои санҷиширо дар махзанҳои об гузарониданд.

25 – уми май онҳо дар ҷараёни санҷиши маконҳои оббозӣ дар қаламрави пойтахт сатҳи омодагиҳои онҳоро барои қабули истироҳаткунандагон аз назар гузарониданд.

Онҳо ҳолати дидбонгоҳҳои наҷот, пулҳо, бурҷҳо, шиногоҳҳо барои атфол, мавҷудияти ғурфаҳои иттилоотӣ бо маводи пешгирӣ аз ҳаводис дар об, қонунҳои шино, нақшаи қаъри соҳил, маълумот дар бораи ҳарорати об, робитаҳо бо бунгоҳҳои тиббӣ, риояи қоидаҳои шиноварӣ ва ғайраро санҷиданд.