Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боронҳои селовари рӯзҳои 27-28-уми май

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки рӯзҳои 27 ва 28-уми май дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Шаби 27 ба 28-уми май дар баъзе минтақаҳо борони шадиди селовар ва жола меборад.

Ҳангоми бориш дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати 17-22 м/с мевазад, дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон хокбориш низ пешгӯӣ шудааст.

Дамои ҳаво рӯзона то 6-8 дараҷа коҳиш меёбад. Дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи марказ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ҳавошиносон омадани селҳоро низ пешбинӣ кардаанд.

Рӯзҳои 27-28 майи соли 2022 эҳтимоли болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳое, ки аз тариқи қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор убур мекунанд ва дарёҳои Зарафшон, Вахш, Исфара, Ёхсу, Қизилсу (ҷануб) вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёҳо ва дигар махзанҳои об худдорӣ намоянд. Сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва масирҳои сайёҳӣ низ маслиҳат нест.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор низ нараванд.   

Ғайр аз ин аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон дигар накунад.

барчасп: