Дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи минбаъдаи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ семинари дурӯзаи таъсири иқлим ва мутобиқшавӣ барои коҳиши хатари офатҳо баргузор мегардад.
Дар семинар кормандони КҲФ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Агентии мелиоратсия ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва як қатор ташкилотҳои байналмилалии мустақар дар кишвар ширкат мекунанд.
Ин омӯзиш бо ёрии усулҳои интерактивӣ ва дастурҳои методиву ёрирасони видеоӣ мегузарад.
Семинар як платформа барои таҳлили таъсироти гузашта ва эҳтимолии иқлим дар Тоҷикистон, дар минтақа ва роҳҳои пешгирии онҳо мебошад. Дар давоми ду рӯз шунавандагон оқибатҳои таъсири тағйири иқлим ва сабабҳои зуд-зуд рух додани офатҳои табииро меомӯзанд. Дар мубоҳисаҳо тадбирҳо ва стратегияҳои мутобиқшавӣ ба ҳадди ақал ё кам кардани хатарҳои марбут ба офатҳои табиӣ, ки дар натиҷаи тағирёбии иқлим ба вуҷуд меоянд, мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегиранд.
Ин семинар бо ширкати таҳлилгари байналмилалии тағйири иқлим ҷаноби Рикс Бош мегузарад. Дар аввалин рӯзи нишаст ҷаноби Бош таъкид кард: “семинари мазкур барои табодули таҷриба дар самти идораи хатари офатҳои табиӣ, омӯхтани усулҳои нави кор дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва беҳтар намудани ҳамоҳангсозии кори муштараки байни идораҳо дар ин самт мусоидат мекунад».