Маркази заминларзаи субҳи имрӯз ноҳияи Рӯдакӣ буд

Бино ба гузориши Институти геология ва сеймсологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 13-уми декабри соли равон, соати 06:05 ба вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон  замин ларзид. Маркази заминларза 14 километр ҷанубтари шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ буд.   Қувваи заминларза дар маркази он 3 балл ва дар шаҳри Душанбе 2,5 баллро ташкил дод. Талафоти ҷони ва хисорати дигар нест. 
барчасп: