Ду хабар аз рӯзи гузашта

Шабонарӯзи гузашта имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражднаии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба бо даъвати шаҳрвандон барои боз кардани дарҳои тасодуфан басташудаи онҳо ба кумак шитофтанд.  Ин ду ҳодиса ҳам дар шаҳри Душанбе иттифоқ уфтодааст ва дар ду мавриди наҷотдиҳандагон аз Раёсати КҲФ дар пойтахти кишвар ба ёрӣ расиданд.

Наҷотбахшон ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз таҷҳизоти махсус дарҳоро, ки дарун хона бачаҳои ноболиғ танҳо монда буданд, боз карданд.

Бачаҳо ба ёрии тиббӣ ниёз надоштанд. Вале имдодгарон бо волидон дар мавриди тифли танҳо дар хона ва хатарҳои эҳтимолии ин танҳоӣ барои волидон суҳбат карданд.  

Занги дигар аз як сокини ноҳияи Синои пойтахт расид, ки аз пур шудани об дар таҳхонаи бино хабар медод. 

Имдодгарон ба ҷойи ҳодиса расида бо ёрии насосҳои махсуси обкаш оби таҳхонаро берун кашиданд ва хатари бавуҷудомадаро рафъ карданд.