Анҷоми як давраи омӯзишии якмоҳа дар кишвари Жопон, ки ду корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда низ ширкат доштанд

Ду нафар аз ҷумлаи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - афсари калони бахши таъминоти шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозии кумакҳои башардӯстонаи Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Кумита Далер Субхонкулов ва сардори бахши арзёбӣ ва экспертизаи Раёсати пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаи Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита Шуҳрат Эмомов ҳудудан як моҳ дар кишвари Жопон давраи омӯзишии таҳлили вазъи идораи офатҳои табииро пушти сар гузоштанд.

Ин давраи омӯзишӣ дар шаҳри Кобеи Жопон доир шуд ва мавзӯи аввали он “Тамринҳо барои саломатӣ” ном дошт. Ҳамзамон омода намудани Нақшаи меъёрҳои интихоби шаҳр, маҳал бо истифода аз методи 8 қадам барои паст кардани хафи офатҳои табиӣ аз ҷониби омӯзгори жопонӣ Аракида Масару - Директори илмии Маркази Осиёии коҳиши  хатари офатҳо гузаронида шуд.

Санаи 15 ноябри соли 2022 бо истифода аз методи қадам ва иқдом гирифтан ҷиҳати кумак расонидан ба аҳолӣ тавассути сиёсат дар соҳаи паст кардани хафи офатҳои табиӣ аз ҷониби омӯзгор Нисикава профессори тадқиқотчии Марказ оид ба паст кардани хафи офатҳои табиии Донишгоҳи Нагоя гузаронида шуд.

Тӯли ин рӯзҳо ҳамчунин дар мавзӯҳои  "Ҷамъияти Жопон ва мардуми Жопон”, оид ба таҳия намудани нақшаи коҳиши хатари офатҳои маҳаллӣ, бо истифода аз усулҳои мухталиф, андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирӣ намудан аз офатҳои дар нишебии кӯҳҳо, тадбирҳои пешгирӣ аз ярч дар кӯҳҳои Рокко ва намоиш аз майдони сохтмони сарбанди шарқии Обанояма, рушди минтақавии Кинкии Вазорати миллии инфрасохтори замин, нақлиёт ва сайёҳӣ, таҳияи нақшаи паст кардани хафи офатҳои табиии маҳаллӣ  ғайраро мавриди омӯзиш қарор доданд.

Ин омӯзишҳо рӯзу соатҳои тафреҳӣ низ доштанд. Аз ҷумла рӯзеро ба тамошои биноҳои таърихии кишвари Жопон, аз ҷумла маъбади буддоии Тодзи гузарониданд. Ин бино яке аз маъруфтарин биноҳои Жопон аст ва ҳар сол шумори зиёди боздидкунанда барои дидани он ба Жопон мераванд.

Ҳангоми иштирок дар чорабинии мазкур онҳо ба ҳайси кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон малакаи худро вобаста ба коҳиш додани осебпазирии аҳолӣ аз хатари офатҳои табиӣ мустаҳкам намуда, дар фаъолияти хидматии худ дар оянда  пурра татбиқ хоҳанд намуд.

Далер Субхонкулов,
лейтенанти калон.