Баргузории ҷаласаҳои ҷамъбастӣ дар шуъбаҳои ноҳиявии КҲФ дар Суғд

 Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз баргузории ҷаласаҳои ҷамъбасти фаъолияти солона дар бахшҳои ноҳиявиву шаҳрии ин раёсат хабар дод.

Гуфта мешавад, ки то кунун шуъбаҳои Раёсати КҲФ дар  ноҳияҳои Айнӣ, Спитамен, Деваштич, Ҷаббор Расулов, шаҳрҳои Истаравшан, Истиқлол ва Исфара фаъолияти яксолаи худро бо баргузории ҷаласаҳо ҷамъбаст намуданд. Ин ҷаласаҳо давоми ҳафта бо ширкати Раисони комиссия-Раисони шаҳру ноҳияҳо, масъулини Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ва аъзоёни комиссияи мазкур доир гардиданд.   

Дар ҷаласаҳо корҳои анҷомшуда тӯли як сол дар рафъи паёмадҳои офатҳои табиву техногенӣ, роҳандозии чораву тадбирҳои пешигирӣ, коҳиши хатари офатҳои табиӣ, корҳои соҳилбандиву баргузории чорабиниҳои таблиғотӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин дар бораи омодагии техникаҳои муҳандисӣ, ташкили захираҳо барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда, дар минтақаҳои хавфнок ташкил намудани навбатдории шабонарузӣ ва иҷрои саривақтии қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №133 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» низ баррасӣ шуд.

Баъд аз баррасии масъалаҳои пешниҳодшуда қайд гардид, ки аъзоёни комиссияро зарур аст дар асоси талаботи низомномаи Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияхо оид ба ҳолатҳои фавқулодда фаъолияти худро ба роҳ монда, баҳри пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда сари вақт чораҷӯӣ намоянд.

Инчунин ба аъзоёни комиссия барои фаъолияти пурсамар дар ин самт дар семоҳаи аввали соли 2023 як қатор вазифаҳо гузошта шуд.