Баргузории ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти сол дар Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе натиҷаи фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст намуд. Ҷаласаи ҷамъбастӣ дирӯз бо ширкати ҷонишини Раиси Кумита, генерал-майор Сулаймон Исозода багузор шуд.

Дар ҷаласа ҳисоботи солонаи Раёсат ва ҳисоботи масъулини бахшҳои Раёсат дар ноҳияҳои  Сино, И.Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур шунида шуд.

Иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.12.2018 “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хафвӣ офатҳои табиӣ барои солҳои  2019-2030” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар бораи иҷрои қарорҳои ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи ҳолтҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 сухан ронда шуд.

Омодагии Дастаи махсуси зудамали наҷоти Расати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе барои фаъолият дар зимистон ва аввали баҳори соли 2023, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 31 майи соли 2018 “Дар бораи  Барномаи рушти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” баррасӣ гардид.