Раёсати КҲФ дар Суғд фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст намуд

29 декабри соли 2022 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд ва Комиссияи эвакуатсионӣ дар соли 2022 баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини раиси вилоят Зоҳидзода Даврон, Сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Камолзода Ҷамшед, муовинони Раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони хадамотҳои мудофиаи граждании вилоят ва сардорони шуъбаву бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Қайд гардид, ки дар соли 2022 дар ҳудуди вилоят 767 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта, 13 (сенздаҳ) ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шудааст.  

Ҳодисаҳои фавқулоддаи табиӣ асосан дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Исфара, Ашт, Б. Ғафуров, Деваштич, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ рух додааст.

Бо  мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохӯши фалокатовар тибқи дар давоми соли 2022 аз ҷониби сардорони бахшу шуъбаҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 73 вохӯриҳо ва корҳои таблиғотӣ бо аҳолии дар минтақаҳои хавфнок истиқоматдошта мунтазам гузаронида шудааст.

Дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Панҷакент, Конибодом,  Шаҳристон, Айнӣ, Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷ.Расулов, Спитамен, Мастчоҳ ва Б.Ғафуров корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, барқарор намудани садҳои муҳофизатӣ, тоза намудани каналҳо ва заҳбуру заҳкашҳо гузаронида шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.

Бо мақсади баланд бардоштани омодагии мақомотҳои идоракунанда, қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании вилоят ва дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Суғд, оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022 дар соли 2022, 1030 (ҳазору си) машқу тамринҳои мудофиаи гражданӣ аз ҷониби Раёсат ва шӯъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо гузаронида шудааст. Инчунин аз ҷониби бахшу шуъбаҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо 31 машқу тамринҳои ғайринақшавӣ бо аҳолии дар минтақаҳои хавфнок истиқоматдошта гузаронида шудааст.

Дастаи махсуси зудамали наҷоти вилоят, Дастаи махсуси зудамали наҷот дар водии Зарафшон ва имдодгарони шаҳри Хуҷанд дар соли 2022 дар 105 (як саду панҷ) адад амалиётҳои наҷоту-ҷустуҷӯ, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва садамаҳои нақлиётӣ иштирок намуданд.

Баъди баррасии масъалаҳои дар ҷаласа ба нақша гирифташуда аз тарафи муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода барои фаъолияти пурсамар дар ин самт дар семоҳаи аввали соли 2023 ба аъзоёни комиссияҳои мазкур  доир ба роҳбарӣ ва иҷро гирифтани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,    Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030, вусъат бахшидани корҳои пешгирикунанда ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру ноҳияҳо,   таъмири иншоотҳои муҳофизатӣ,  дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани қувва ва воситаҳои зарурӣ, техникаҳои муҳандисӣ, захира намудани маводи хурока, сузишворӣ ва доруворӣ, дар муҳлатҳои муқарраргардида ба анҷом расонидани сохтмони манзилҳои истиқоматии дар натиҷаи муноқишаҳои наздисарҳадӣ зарардида вазифа гузошта шуд.