Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Башар Асад

Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия муҳтарам Башар Асад барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари заминларзаи шадид дар кишвари дӯсти Сурия, ки боиси  фавтидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон гардида, хисороти ҳангуфтеро дар пай дошт, муҷиби андӯҳи беандозаи мо гардид.

Дар ин лаҳзаҳои сангин ба Шумо, ҷаноби Президент ва тамоми мардуми дӯсти Сурия ҳамдардии амиқи ин ҷонибро изҳор намуда, ба пайвандону наздикони ҷонбохтагон сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

Манбаъ: Сомонаи Президенти Тоҷикистон.

барчасп: