Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз Истамбул ба Ғозиайнтоб парвоз карданд
Чоп шуд: 09/02/2023 | adminДастаи панҷоҳнафараи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз вориди Туркия шуда буданд, аз шаҳри Истамбул ба шаҳри Ғозиайнтоб воқеъ дар ҷануби ин кишвар парвоз карданд.
Ғозиайнтоб маркази маъмурии вилояти Ғозиайнтоб буда, бештар аз ду миллион аҳолӣ дорад ва шашумин шаҳри калонтарини Туркия ба ҳисоб меравад. Ин шаҳр яке аз минтақаҳоест, ки дар зилзилаи ахир бештар хароб шуд.