Activities calendar

24 феврали 2023

Ҳушдори КҲФ аз вуруди ҳавои сарду боронии сибирӣ ба Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки дар натиҷаи вуруди як ҷараёни ҳавои сард аз Сибири Ғарбӣ рӯзи 25-уми феврал дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаву ноустувор дар назар дошта шудааст.

25 феврал дар ноҳияҳои наздикӯҳии вилояти Хатлон, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ барфу борони пуршиддат меборанд ва дамои ҳаво 10-12 дараҷаи коҳиш меёбад.

Таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар воҳидҳои сохтории КҲФ

Дирӯз дар ҳамаи воҳидҳои сохтории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаву нишастҳои тантанавӣ баргузор шуданд.

Дар ҳамаи ин чорабиниҳо роҳбарони бахшҳои минтақавӣ, сарварони қисмҳои ҳарбӣ, ҳайати шахсӣ, собиқадорони...