Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Башар Асад
Чоп шуд: 06/02/2023 | admin![Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон](https://www.khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/emomali-asad.jpg?itok=OuGjp1u6)
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия муҳтарам Башар Асад барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари заминларзаи шадид дар кишвари дӯсти Сурия, ки боиси фавтидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон гардида, хисороти ҳангуфтеро дар пай дошт, муҷиби андӯҳи беандозаи мо гардид.