Изҳори ҳамдардӣ ба мардуми Тоҷикистон

Номаҳои тасаллӣ аз сарварони кишварҳову созмонҳо ҳамоно ба унвони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба фоҷеаи ахири тарма дар қаламрави кишвар ҳамоно мерасанд. Истинодан ба сомонаи Президенти Тоҷикистон  чанде аз ин номаҳои тасаллиро чоп мекунем.

***   ***   ***

Номаи изҳори тасаллӣ аз Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

17.02.2023 18:30, шаҳри Душанбе

Дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай муҳтарам Чжан Мин номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Хабари фаромадани тарма дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки боиси талафоти одамон ва харобиҳои зиёд гардид, бо эҳсоси андуҳи амиқ дарёфтам.

Умед дорам, ки оқибатҳои ин офати табиӣ дар минтақаҳои зарардида ҳарчи зудтар бартараф карда хоҳанд шуд.

Муҳтарам ҷаноби Президент, таслияти амиқи маро ба наздикони ҷонбохтагон ва таманниёти шифои оҷили ин ҷонибро ба осебдидагон қабул фармоед».

 

Номаи изҳори тасаллӣ аз Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимухамедов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

17.02.2023 18:28, шаҳри Душанбе

Дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимухамедов номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Хабари талафот ва захмӣ гардидани одамон, ҳамчунин харобиҳои зиёд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари фаромадани тарма боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар ин лаҳзаи душвор хоҳишмандам аз номи Халқ Маслаҳатии Туркманистон ва ҳамчунин шахсан аз номи худам суханони ҳамдардӣ ва дастгирии ин ҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон, ҳамзамон таманниёти шифои оҷилро ба осебдидагон бирасонед».

 

Номаи изҳори тасаллӣ аз Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

17.02.2023 18:26, шаҳри Душанбе

Дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Таслияти амиқи маро дар робита ба талафоту ҷароҳат бардоштани одамон ва хисороти зиёд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.

Дар ин лаҳзаҳои мушкил хоҳишмандам аз номи мардум ва Ҳукумати Туркманистон, ҳамчунин шахсан аз номи худам ба тамоми пайвандону наздикони ҷонбохтагон суханони ҳамдардиву ҳамбастагӣ ва таманниёти шифои оҷилро ба осебдидагон бирасонед».

 

Номаи изҳори тасаллӣ аз Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

17.02.2023 18:22, шаҳри Душанбе

Дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон

Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Салом алайкум

Хабари кушта ва маҷрӯҳ шудани теъдоде аз мардуми азизи Тоҷикистон бар асари фуромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моро сахт андӯҳгин кард.

Зимни ибрози таслияти ин воқеаи ҷонсӯз ба Ҷаноби Олӣ, мардуми кишвари бародар ва дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргоҳи Худованди мутаол барои даргузаштагон раҳмати фаровон ва барои бастагон сабру шакибоӣ ва барои маҷрӯҳон шифои оҷил ва комил орзу менамоям».

барчасп: