Вазъ дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ баъди офати табиӣ. Хабари расмӣ (ВИДЕО)

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражднаии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар селе, ки рӯзи 28-уми июли соли равон омад, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ 161 хоҷагӣ зарар дидааст. 16 хонаи истиқоматии сокинон зери об монда, 64 иншооти ёрирасон қисман зарар дидааст ва 81 қитъаи замини наздиҳавлигӣ бо лою лойоба пур шудааст.

Барои ёрӣ ба оилаҳои зарардида, ҳамчунин тоза намудани қубурҳои обгузар, кӯчаҳо ва роҳҳои деҳаи Урметан аз лойю лойоба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бештар аз 200 сокинони ин деҳа ва техникаи муҳандисиро ҷалб кардааст. 29 июли соли 2023 3 нуқтаи таъминот бо об дар ин деҳа дубора фаъол карда шуда, сокинон бо оби ошомиданӣ таъмин гаштанд.

30 июли соли 2023 дар ҳудуди деҳаи Лангар, ҷамоати деҳоти Урметан бо ҷалби панҷ техникаи муҳандисӣ ва 270 сокини деҳа роҳҳо, селроҳаҳо ва атрофи хонаҳои истиқоматӣ аз селовардаҳо тоза карда шуданд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии зарардида 80 маҷмааи хоб, аз ҷумла 80 болишт, 80 одеял, 80 баста зарфҳои ошхонаӣ ва ба ҳамин миқдор бастаҳои беҳдоштӣ кумак кард.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Истаравшан, Панҷекент ва Шаҳристони вилояти Суғд  ба осебдидагон маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд, биринҷ, равғани рустанӣ, макарон, гӯшт, тарбузу харбуза ва кампалҳои кумак намуданд. 

Дар айни замон корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ идома дорад. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Айнӣ ҳамроҳ бо кормандони Дастгоҳи марказии КҲФ ва Раёсати Кумита дар вилояти Суғд Ситоди рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулода созмон дода, ҳамзамон миқдори зарари расида ба хонаводаҳои осебдида ва хоҷагии халқро муайян мекунанд.