Оғози сардиҳои сол. Ҳушдор аз боронҳои пуршиддату селҳои эҳтимолӣ. Чӣ бояд кард? Силсилатавсияҳо. Бахши аввал

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони мамлакат мерасонад, ки рӯзҳои 8-9 ноябри соли равон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Дар қаламрави кишвар борон меборад (дар баландиҳо беш аз 2000 метр барф), дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ҳудуди вилояти Суғд борон пуршиддат меборад.

Рӯзҳои 8-10 ноябри соли 2023 дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд хатари омадани селҳо вуҷуд хоҳад дошт. Ин боронҳо метавонанд сабабгори баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳое шаванд, ки дар қисматҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорианд.

Дар ҳамин иртибот Кумита бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохӯш аз шаҳрвандон бо як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш мекунад аз роҳандозии корҳои кишоварзӣ худдорӣ варзанд, чорвочаронӣ дар кӯҳҳову доманакӯҳҳо ва маҳалҳое, ки омадани сел эҳтимол дорад, маслиҳат нест. Рафтан ба кӯҳҳо бо мақсади ғунучини ҳезум ва гиёҳҳои доруворӣ, ба соҳили обҳо барои моҳидорӣ ва ва шикоргоҳҳо ба хотири шикор метавонад хатар дошта бошад.

Сокинонро лозим меояд дар ин рӯзҳои сард беш аз ҳар вақти дигар қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя кунанд. Фасли сард одамонро ба гарм кардани хонаҳо бо ҳар васила водор мекунад, вале риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ метавонад сабаби ин ё он нохӯшӣ гардад.

ЧАНД ТАВСИЯИ ДИГАР:

- дар хотир дошта бошед, ки ҳар таҷҳизот муҳлати истифода дорад ва истифодаи беш аз ҳадду зиёда аз муҳлати нишондодашуда сабабгори паёмадҳои нохуш шуда метавонад;

- шумо ҳамеша талош кунед асбобҳои барқиеро, ки бо василаи онҳо хонаҳои худро дар зимистон гарм мекунед ва ё ҳангоми пухтупаз истифода мебаред, тафтиш намоед. Хеле бадиққат бошед ва санҷиши пайваставу ҳамешагӣ метавонад аз ҳар гуна ҳодисаҳои ногаҳонӣ пешгирӣ кунад;

- ҳолати обгаркунҳои барқиро сари вақт санҷед: саривақт онҳоро таъмир кунед, бахшҳои корношоямшударо иваз намоед;

- танҳо аз таҷҳизоте истифода кунед, ки дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсол шудаанд. Ба ҳеҷ ваҷҳ аз таҷҳизоти дастсохти бозор истифода нанамоед, чун онҳо бе риояи меъёрҳои бехатарӣ аз ҷониби шахсони ғайримутахассис сохта мешаванд ва кафолати бехатарӣ надоранд;

- аз истифодаи ҳамзамони чандин дастгоҳи қудратманди барқӣ худдорӣ кунед;

- ҳаргиз таҷҳизоти барқиро шабона, вақте хоб меравед, даргирон намонед, онҳоро барои хушк кардани либосҳои тар истифода накунед;

- нагузоред, ки бачаҳо бо таҷҳизоти барқӣ бозӣ кунанд, ҳамеша онҳоро назорат кунед;

- таҷҳизотро дар масофаи дуртар аз пардаи хона ва ё мебелҳо насб кунед;

- обгармкунҳои барқиро дар хонаҳое, ки маводҳои зудоташгиранда ва ё ҳар гуна маҳлулҳои оташангез нигоҳдорӣ мешаванд, истифода набаред;

- пайваста ин гуна таҷҳизотҳоро аз ҳар гуна чангу хок пок созед, зеро баъзан гард ҳам боиси оташсӯзӣ мешавад;

- симҳои барқи бухориро аз зери фаршу дигар пӯшишҳо убур надиҳед, ба болои симҳо ашёи вазнин, аз қабили мебелро нагузоред;  

- қувваи барқро сарфаҷӯёна истифода баред, бидуни зарурат таҷҳизоти барқиро рушан накунед.

 

Дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулода ба телефони 112 ва ё дар қисми навбатдории КҲФ: 112, 221-91-19, 223-13-11.

 

Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе:

225-44-62, 225-44-76

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор:

(83139) 2-60-74, 2-60-45.

Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:

(83222) 2-35-05; 2-78-27.

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Кӯлоб:

(83322) 21 656;  21-657.

 Раёсати КҲФ дар ВМКБ:

(83522) 2-40-57; 22 744.

 Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:

(83422) 6-51-555; 5-79-95.

 ЗАНГ ЗАНЕД.

барчасп: