Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми минтақавии Олма-Ато ширкат дорад

10 ноябри соли  2023  дар шаҳри Олма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон  Форуми минтақавӣ – Ҷаласаи роҳбарони вазоратҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кори худ шурӯъ кард, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардории раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Рустам Назарзода ширкат дорад.

Дар ҷараёни мулоқот як қатор лоиҳаҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда баррасӣ мешаванд.

Дар поёни ҷаласа қабули санади ниҳоии Форуми минтақавӣ - Ҷаласаи роҳбарони идораҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар назар аст.

Дар ин нишаст раҳбарони идораҳои наҷоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва як қатор созмонҳои байналмилалӣ ширкат доранд.

барчасп: