Савгандёдкунии наваскарон дар қисми ҳарбии КҲФ дар Вахш

13 ноябри соли 2023 дар қисми ҳарбии КҲФ воқеъ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон маросими ботантанаи савганёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ доир гардид.

Дар маросим Сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди КҲФ, генерал-майор Ҷамшед Камолзода иштирок намуд. Ҳамчунин водилону пайвандон ва дӯстони наваскарон низ ширкат карданд.

Онҳо дар даст силоҳ ба номи поки Ватан савганд ёд карданд, ки бошарафонаву вофодорона ба оромонҳои меҳандӯстиву миллатдӯстӣ вазифаҳои хидматии худро софдилона ба ҷо меоранд ва қарзи худро дар пеши Модар-Ватан иҷро мекунанд.

Ин наваскарон муддати 1,5 моҳи вурудашон ба қисми ҳарбӣ таҳти сарпарастии афсарони пуртаҷриба, старшинаҳо ва прапоршикҳо барномаҳои омӯзиши ҳарбиро азхуд карданд. Онҳо бо низомномаву оинномаҳои хидматӣ шинос шуданд, қадамзанӣ дар сафро тамрин карданд.

Пас аз маросими тантанавии савганди ҳарбӣ генерал-майор Ҷамшед Камолзода ва фармондеҳони қисмҳои низомӣ бо волидони наваскарон суҳбат карда, ба ҳама саволҳои онҳо посух дода, рақамҳои телефони қисми ҳарбӣ ва фаромондеҳонеро, ки наваскарон тобеъи  дастаи онҳо мебошад, ба волидон дод, то дар мавридҳои зарурӣ тавонанд осон тамос гиранд ва ҳоли фарзандашонро ҷӯё шаванд. 

Ин маросим бо сафороии ҳарбӣ ба поён расид.

барчасп: