Ҳушдори КҲФ: Хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мондааст!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар дар рӯзҳои наздик дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва манотиқи ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин, Кумита аз аҳолӣ даъват менамояд, ки аз сафарҳои безарурат худдорӣ кунанд. Рафтан ба ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣ, гузор аз минтақаҳои тармахез маслиҳат нест.

Хатари лағзиши тарма ва резиши санг ҳамоно дар  минтақаҳои ВМКБ, навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии қаторкӯҳҳои Ҳисор, роҳҳои Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ — Ишкошим зиёд аст.

барчасп: