Семинари дурӯза дар Раёсати Суғд

Рӯзҳои 14-15 марти соли 2024 дар Маркази таълимию методии Раёсати Кумита дар вилояти Суғд бо иштироки бист нафар кормандони раёсат ва шӯъбаҳои Раёсат, наҷотдиҳандагон ҳам аз Раёсат ва ҳам  аз ноҳияҳо вилояти Суғд ва бахши Зарафшонии КҲФ семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Семинар аз ҷониби кормандони Раёсати тиббии КҲФ бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар семинари дурӯза ба кормандон нахуст аз ҷиҳати назариявӣ ва баъдан амалан дар мавзӯъҳои расонидани ёрии аввалия ҳангоми зарбаи барқ, сӯхтор, гармӣ, сармохӯрӣ ва дигар ҳодисаҳои нохуш (хунравӣ, шикастан), газидани ҳашарот, газидани мор, ғарқшавӣ, заҳролудшавӣ ва дигар намудҳои ҳолатҳои фавқулоддаа шинос шуданд.

Мақсад аз баргузории семинар аз он иборат аст, ки кормандони воҳидҳои наҷот бори дигар малака ва дониши худро дар расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба аҳолии осебдида такмил диҳанд.