Имдодгарон дареро боз карданд, ки дохили хона се тифл танҳо монда буданд

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ягон ҳодисаи табиӣ ва техногенӣ ба мушоҳида нарасид. Бо вуҷуди ин наҷотдиҳандагон чун ҳамеша омода ҳар кумаку ёрӣ ба сокинон буданд.

11 апрели соли 2024 соати 18:24 дақиқаи вақти маҳалллӣ  як сокини бинои баландошёна воқеъ дар ноҳияи Синои пойтахт ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зад ва хабар дод, ки аз сабаби баста шудани дари манзилаш наметавонад вориди он шавад. Ин зан бо изтироб хабар медод, ки дохили хона се фарзанди ноболиғаш мондаанд. 

Имдодагарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сари вақт расиданд. Онҳо ба хотири он ки кӯдакон аз садоҳои ногаҳониву ноошно натарсанд, аз тиреза вориди хона шуданд ва дарро аз дарун боз карданд.

Кӯдакон ҳоли хуб доштанд ва ба ёрии тиббӣ ниёз надоштанд. 

Наҷотдиҳандагон бо волидон дар бораи хатарҳои танҳо мондани тифлон дар хона суҳбат карданд ва онҳоро огоҳ намуданд, ки қабл аз берун шудан аз хона калидҳоро бо худ гиранд. Аммо ба ҳар ҳолат тани танҳо мондани бачаҳои ноболиғ дар хона кори оқилона нест.

барчасп: