Хабарҳои рӯзи гузашта

15 апрели соли 2024дар ҳудуди деҳаи Чилчаи ҷамоати деҳои Чилчаи ноҳияи Темурмаликивилояти Хатлон бар асари боронҳои пуршиддат об як замини наздиҳавлигӣ ва ҳавлии чор сокини деҳаро пур кард. Барои бартараф кардани кардани паёмадҳои офат корҳо идома доранд.

Боронҳои пуршиддат сабаби омдани селҳо дар қаламрави шаҳраки М.Турсунзода, деҳаи Мавҷ ва Турдии ҷамоати деҳоти Зайнабобод, дешаҳои Кишоварз, Шараф-2, Иқбол -2, Ҳаёти нав, Лолазор, Тубек ва Лоҳури ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ шуд. Дар маҷмуъ бар асари ин офати табиӣ 204 қитъаи наздиҳавлигӣ ва зиминҳои ёрирасон зарар диданд. 

Гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии ҷонишини аввали раиси Кумита полковник Ҳ.Латифзода ва 20 корманди Кумита бо ёрии 10 техникаи махсус ва 8 техникаи обкаш саргарми бартараф кардани паёмадҳои ин офатанд. Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад ва ҳаҷми зарари расидаро мушаххас мекунад.

15 апрели соли 2024 боронҳо сабаби ярч дар ҳудуди шаҳраки Роҳатии шаҳри Ваҳдат шуданд. Бар асари он чор ҳавлии сокинони маҳалли зарар дид.

Гурӯҳи кории КҲФ, наҷотдиҳандагон ва сокинони маҳаллӣ бо истифода аз таҷҳизоти махсус барои рафъи паёмадҳо талош доранд. Субҳи 16-уми апрели соли 2024 обро аз ҳавлиҳо бароварданд ва лойю лойобаи каналро тоза карданд.  Дар натичаи рафъи офати табий 200 метр роҳи байни деҳаҳо аз гил ва санг тоза карда шуд.

Ҳаҷми хисороти расидаро Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Ваҳдат муайян мекунад.

Дар натичаи офати табий талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

барчасп: