14 марти соли 2025 дар бинои Китобхонаи миллӣ ҷаласаи васеи Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири кишвар Сулаймон Зиёзода ва муовини Раиси Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҷаласаи васеъи Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд. .
Дар ҷаласа аъзои Платформаи миллӣ – роҳбарони вазорату идораҳои кишвар ва ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ки нозирони Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ мебошанд, ширкат доштанд.
Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба тадбирҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ, татбиқи Стратегияи миллӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи марҳилаи якуми Стратегияи ҳифзи молиявӣ аз офатҳои табиӣ барои давраи то соли 2037 ва маблағгузорӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, системаи огоҳии бармаҳал, офатҳои табии вобаста ба пиряхҳо, ҷараёни татбиқи Барномаи давлатии соҳилбандӣ дар солҳои 2023-2027, татбиқи ташаббуси “Огоҳии бармаҳал барои ҳама” дар Тооҷикистон, ҳамчунин татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳо дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки Тоҷикистон амалӣ мекунад, баррасӣ шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни аъзоён ва иштирокдорони ҷаласаи Платформаи миллӣ, масъалаҳои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудогардида ҷиҳати коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ табодули афкор сурат гирифт.
Қобили зикр аст, ки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тотористон аз 1 марти соли 2012 таъсис дода шудааст.