Дар толори асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумита, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии идона дар баробари роҳбарият, собиқадорон, ҳайати шахсии Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохторӣ фаъолона иштирок намуданд.
Дар чорабинии идона дар баробари роҳбарият, собиқадорон, ҳайати шахсии Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохторӣ фаъолона иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо нутқи пурмӯҳтаво аз солҳои аввали таъсисёбӣ баромад намуда, ҳама дастовардҳои Кумитаро дар тайи ин солҳо ҳамчун натиҷаи таваҷҷӯҳи асосии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон илова гардид, ки ин пешравиҳо басанда набуда, барои рушди минбаъдаи Кумита аз ҷониби давлату Ҳукумат тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.
«Дар баробари дастгириҳои Сарвари давлат, ҳар як корманди Кумита бояд дар рушди ин сохтор ва ҷомеа саҳми босазо дошта бошад», — таъкид намуданд генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ.
Ҳамчунин собиқадорони Кумита баромад намуда, сипас бо қироати фармоишҳо аз ҷониби масъулини кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, ба як қатор кормандони Кумита медалҳо, ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо тақдим карда шуданд.