КҲФ: Чорабиниҳои идона дар ВМКБ

Дар Раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

Таҷлили ҷашн бо иштироки Сардори Раёсат, собиқадорон ва ҳайати шахсӣ баргузор шуд.

Сардори Раёсат, полковник Миракзода Н.М., бо нутқи пурмӯҳтаво аз солҳои аввали таъсисёбии Кумита баромад намуда, дастовардҳои онро дар тӯли ин солҳо ҳамчун натиҷаи таваҷҷӯҳи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки ин пешравиҳо басанда набуда, барои рушди минбаъдаи Раёсат аз ҷониби давлат ва Ҳукумат тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.

«Дар баробари дастгириҳои Сарвари давлат, ҳар як корманди Кумита бояд дар рушди ин сохтор ва ҷомеа саҳми босазо дошта бошад», — таъкид намуданд полковник Миракзода Н.М.

Дар идомаи чорабинӣ, собиқадорон низ бо баромадҳо иштирок карданд. Баъдан, бо қироати фармоишҳо аз ҷониби масъулини кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, ба як қатор кормандони Раёсат медалҳо, ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо тақдим гардиданд.

барчасп: