18-уми августи соли 2025, соати 08:40 дақиқа дар километри 82-уми роҳи ноҳияи Рӯшон- Водии Бартанг, мавзеъи деҳаи Басиди ҷамоати деҳоти Басиди ноҳияи Рушон роҳ муваққатан баста шуд.
Сабаби ин бар асари болоравии дамои ҳаво ва аз меъёри муқаррарӣ баланд шудани сатҳи об дар рӯдхони Бартанг буд.
Оби шорида аз соҳили дарё роҳи мошингардро баст.
Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада, 1 адад боркунаки фронталӣ аз ҷониби МНДРА-и ноҳияи Рушон, ба ҷои ҳодиса сафарбар гардид.
Соати 21:10 дақиқа роҳ боз шуд ва ҳаракти мошинҳо ба ду самт имконпазир гардид.