КҲФ: Ҳамкориҳои байналмилалӣ

19 августи соли 2025 дар шаҳри Душанбе мулоқоти намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёи Рушд дар Тоҷикистон доир гардид.

Дар мулоқоти мазкур ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро генерал-майор Камолзода Ҷамшед роҳбарӣ намуд. Ӯ аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори сипос кард.

Ҳамчунин, дар вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба бо Бонки Осиёи Рушд ва барномаҳои муштарак ҷиҳати рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

 
барчасп: