27 – уми августи соли 2025, соати 02:30 дақиқа дар ҳудуди деҳаи Оби-Шифои ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Автомашинаи сабукрави тамғаи “Mersedes-Bens” бо рақами давлатиаш tj62-40ВВ01, ки мутааллиқ ба ронанда Каримов Музаффаршоҳ Эшмуродовичи 34-сола, сокини деҳаи Зарнисори ҷамоати деҳоти Чоргултеппа буд, ҳангоми ҳаракат аз канори роҳ берун шуд ва умқи тақрибан 50 метр сарозер гардид.
Сабаби ҳодиса аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда гуфта шудааст.
Ба муҷарради бархӯрди мошин ба ҷарӣ сӯхтор ба амал омад ва ронанда бо мусофираш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Бо дарёфти хабар наҷотдиҳандагони Раёсати Хадамоти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷодиҳии Кумита, ба суроғаи ёдшуда рафтанд ва соати 04:00 дақиқа аз дохили автомашина ҷасади ҳалокшудагонро бароварда, ба мақомотҳои дахлдор супориданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон як бори дигар хотиррасон мекунанд, ки бо суръати баланд рондани мошин ҳамеша хатарҳое ба дунбол дорад.
Аз ронандагон хоҳиш мешавад ҳангоми сафар ҳамеша қоидаҳои бехатарӣ дар роҳҳоро риоя кунанд ва сабаби марги худу ҳамсафарони худ нашаванд!