Тарма ва резиши санг дар роҳҳои кишвар
Чоп шуд: 01/03/2024 | redaktor
29 феврали соли 2024, соати 18:13 роҳи автомобилгарди Хоруғ-Ишкошим дар километри 31-32, ки аз ҳудуди деҳаи Барҷири ҷамоати деҳоти ба номи А. Замиров, райони Ишкошим ВАБК мегузарад, лағзиши тарма барои муддате роҳро баст ва ҳаракати мошинҳо номумкин шуд. Барои тоза кардани роҳ 1 адад техникаи муҳандисии фронталии Хадамоти роҳи ноҳия ҷалб гардида, соати 19:20 роҳ боз гардид.