Вохӯрӣ бо намояндаи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон

15 марти соли 2024 бо мақсади татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат бо бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 дар марҳилаи аввал (2021-2025) ва тибқи нақшаи кории дохилии Раёсати таъминоти моддию техникӣ, озуқаворӣ, ҳайати шахсии Кумита, ҳамчунин Раёсати сохтмон, истифодабарии бино ва иншоот, Раёсати масъалаҳои кӯли Сарез мулоқот бо намояндаи Агентии...

Резиши санг дар Сангвор

Бар асари резиши барф рӯзи 13 марти соли 2014 тахминан соати 19:24 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 6-уми роҳи мошингарди Лаби Ҷар маркази ноҳияи Сангвор резиши санг сабаби баста шудани роҳ гашт.

Барои рафъи паёмадҳои офати табиӣ кормандон ва техникаи Вазорати нақлиёти кишвар ҷалб шуданд ва 14 март соати 04:20 дақиқа роҳ пурра тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт имконпазир гардид. 

Маркази заминларзаи субҳи имрӯз ноҳияи Лахш буд

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии АМИТ 14 марти соли 2024 соати 09:25 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин зилзила 207 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 19 километр ғарби ноҳияи Лахш буд. 

Ифротгароӣ ва таъсири он ба амнияти миллии Тоҷикистон ва минтақа

Мусаллам аст, ки Осиёи Марказӣдар ҷаҳон минтақаи хеле мураккаб ва муҳим  маҳсубёфта, дар онманфиатҳои абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба ҳам печидаанд. 

Имрӯз кишварҳои минтақа таҳаввулоти геополитикӣ ва геостратегиро дар соҳаи амнияти миллӣ ва минтақавӣ паси сар мекунанд.«Осиёи Марказӣ ба унвони минтақаи дорои аҳамияти махсуси сиёсӣ, иқтисодӣ ва геополитикӣ ҳамчунин

Ҷасади духтари гумшуда дар ҳамкории муштараки имдодгарони Тоҷикистон ва Узбекистон пайдо шуд

Ҳамчуноне қаблан ҳам хабар дода будем, 7-уми феврали соли 2024 дар қаламрави шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Сафияхон Раҳматоваи 9-сола, сокини ҳамин шаҳр нопадид шуда буд.

 Бо расидани ин хабар ба эҳтимоли он ки ин духтар дар рӯди Сир ғарқ шуда бошад, корҳои ҷустуҷӯву наҷот аз ҷониби Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд оғоз гардид. Дар ин муддат имдодгарону ғаввосони...

Страницы