Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз селҳо, резиши санг ва ярчи рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 24-25 майи соли 2023 дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ, ба истиснои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳо эҳтимол дорад.

Мулоқоти генерал Назарзода ва Ҷаган Чапагай

Джага Чапагай

Охири ҳафтаи гузашта Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода бо Дабири кулли Федератсияи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ҷаноби Ҷаган Чапагай мулоқот намуд.

Ҳадаф аз ин мулоқот роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар

Дар шаҳри Москав навҷавони тоҷикро барои наҷоти кӯдаки ҳафтсола қадрдонӣ карданд

Зафар Умарзода

Як шаҳрванди 16-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наҷоти писарбачаи 7-сола аз ҷониби мақомоти  марбутаи Федератсияи Русия қадрдонӣ шуд. 18 майи соли 2023 Зафар Умарзода, зодаи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар маросими Ташаббусҳои ҷамъиятиву давлатии Умумирусиёии “Дили гарм”  соҳиби ҷоиза шуд.

Медал барои ҷасоратро ба Зафар Умарзода ҷонишини вазири ҳолатҳои фавқулодаи ФР генерал-лейтенант А.Серко ва ҷонишини аввали вазири маорифи ФР А.Бугаев тақдим карданд.

Ҷамъбасти тамринҳои муқовимат ба ҳолати фавқулоддаи марбут ба вуруди зиёди паноҳандагон

тамринҳои муқовимат ба ҳолати фавқулодда

Рӯзҳои 15-17 майи соли 2023 аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Муқовимат ба ҳолати фавқулоддаи марбут ба вуруди зиёди паноҳандагон» машқҳои саҳроӣ гузаронида шуд.

Наваскарони қисмҳои ҳарбии КҲФ дар боғи Ғалаба савганд ёд карданд

Наваскарони қисмҳои ҳарбии КҲФ

19 майи соли 2023 дар боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ наваскарони даъвати баҳории қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қасами ҳарбӣ ёд карданд.

94 нафар наваскарони се қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати

Страницы