Мулоқоти Раиси КҲФ бо ҳайати DG ECHO

25 сентябри соли 2023 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ҳайати дафтари намояндагии Директори генералии Ҷамъияти Салиби Сурхи Байналмилалӣ дар Осиёи Шарқӣ, Ҷанубу Шарқӣ ва минтақаи Уқёнуси Ором (DG ECHO) бо сарварии Ҷонишини сарвари намояндагӣ хонум Силвия Эрминиро ба зҳузур пазируфт.

Дар рафти вохӯрӣ роҳбари Кумита ба меҳмонон дар бораи фаъолияти КҲФ, воҳидҳои сохтории он ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулодае, ки соли равон дар кишвар ба амал омад, маълумот дод. 

Ҳадафи аслии мулоқот роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва расонидани кумакҳои башардӯстона ба аҳолӣ буд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаи ташкили тренингҳо, давраҳои омӯзишӣ ва семинарҳо, ки барои кормандони КҲФ муҳиманд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Роҳбари Кумита ҳамчунин қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ҳадафҳо ва афзалиятҳои глобалии Барномаи Сендай оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ як қатор тадбирҳоро амалӣ менамояд.

Зимнан зикр гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии кормандон дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, омодасозии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба аҳолӣ дар навоҳии марзӣ Кумита чораву тадбирҳои амалӣ андешид. 

Раиси Кумита ба ҳайати намояндагон иттилоъ дод, ки дар чаҳорчӯби лоиҳаи муштарак КҲФ дар нақша гирифтааст, ки дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ марказҳои идоракунии бӯҳронҳоро бунёд намояд. Вай ҳамчунин дар бораи бунёди маркази ғаввосӣ ва ташкили маркази кинологӣ маълумот дод.

Хонум Эрмини барои қабули гар изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки танҳо тавассути ҳамкории зич мо метавонем ба татбиқи босамари вазифаҳои гузошташуда ноил шавем.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкориҳои минбаъда табодули афкор намуда, инчунин масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

барчасп: