Имдодгарон ҷасади ронандаеро, ки мошинаш ба канали Сталин сарозер шуда буд, пайдо карданд
Чоп шуд: 25/03/2023 | redaktor
Ҳамчуноне хабар дода будем, рӯзи 23 марти соли 2023 тахминан соати 16:00 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар ҳудуди деҳаи Вахши ҷамоати деҳоти Ваҳдати ин ноҳия як мошини тамғаи “Мерседес Бенс”, ки аз ҷониби як сокини 27-сола идора мешуд, бо сабабҳои номаълум ба канали ба номи Сталин сарозер шудаву ғарқ гаштааст.