КҲФ: Заминларза ва резиши санг дар кишвар. Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест
Чоп шуд: 09/03/2023 | redaktor
Бино ба хабари Институти геология, биноҳои ба заминларза тобовар ва сейсмологияи АМИТ 9-уми марти соли равон соати 06:37 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази ин заминларза 366 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 90 километр ғарби ноҳияи Мурғоб дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.