Семинари бозомӯзӣ

Дар Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳии Кумита  мутахасиссони Филиали Агентии Оғохон оид ба макони зист ба 15 нафар наҷотдиҳандагони Кумита  семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Ёриҳои аввалин дар ҳолатҳои таъҷилӣ» баргузор краданд.

Ҳадафи семинар пешниҳоди маълумоти муқаддимавӣ ва методҳои муосири...

Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон ва Собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ! Ҳамаи шуморо ба ифтихори бистунуҳумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик мегӯям.

Ба тамоми хизматчиёни ҳарбӣ, ки тайи қариб сӣ сол ҳимояи истиқлолу озодии кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан ва амнияти давлату ҷомеаро ҳамчун сипари боэътимод...

Таҷлили 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази таълимӣ

Рӯзи 22 феврал дар Маркази таълимӣ (қисми ҳарбии 45095) чорабинӣ бахшида ба  29-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ, раиси ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ низ ширкат варзиданд.

КҲФ: Хатари лағзиши тарма боқӣ мондааст!

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навбатдории шабонарӯзиро дар роҳҳои асосии кӯҳии кишвар – Душанбе – Варзоб – Айнӣ ва Душанбе – Ванҷ идома медиҳанд.

Тавре қаблан КҲФ хабар дода буд, бино ба маълумоти обуҳавошиносон то охири моҳи феврали соли 2022 дар навоҳии кӯҳистонии кишвар...

Боздид аз Осорхонаи миллӣ

22 феврали соли 2022 дар остонаи солгарди таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зумрае аз кормандон ва хизматчиёни ҳарбии қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд. Ҳадаф ошноӣ бо мероси таърихӣ-фарҳангии халқи тоҷик буд.

Онҳо толорҳои “Асри санг”, «Саразм»,  «Империяи Ҳахоманишиён”...

Страницы