Шарҳи истилоҳ: Тӯфони барф ё барфӣ

Тӯфони барф ё барфӣ низ яке аз намудҳои тӯфон аст, ки бо суръати қобили таваҷҷуҳи бод мушаххас мешавад. Он ҳаракати тӯдаҳои  барфро аз тариқи ҳаво гардон мекунад. Амали он миқёсан васеъ нест, метавонад то даҳҳо километр масофаро тай кунад.

Дар ин тӯфон фазо тира мешавад, ин ҳаракати мошинҳо ва одамонро дар роҳҳо мушкил месозад, метавонад...

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда натиҷаи фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст намуд

5 январи соли 2022 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвари Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода бо иштироки Сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  генерал-майор Аҳлиддин Маҷидзода коллегияи КҲФ оид ба натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хид матӣ дар соли 2021 баргузор шуд.

Як миллиону 80 сироятшудаи нав ба коронавирус дар як шабонарӯз дар ИМА

Дар як шабонарӯз ниҳодҳои тандурустии ИМА дар саросари кишвар 1 миллиону 80 нафарро чун гирифтор ба коронавирус ба қайд гирифтанд, ки ин болотарин нишондиҳандаи рекордӣ дар ҳама замони ҳамагирӣ мебошад. Аммо мақомот гуфтаанд, ки ин ҳоло поёни нуқтаи авҷ нест. Эҳтимол аст вазъ аз ин бадтар шавад.

Бино ба гузориши созмонҳои беҳдоштӣ аксари...

ФАВРӢ: Роҳи Душанбе – Хуҷанд барои мошинҳои сабукрав аз ду ҷониб боз шуд

Ширкати “IRS”  чанд лаҳза пеш аз боз шудани роҳи мошингарди Душанбе –Хуҷанд хабар дод. Бино ба гузориши интишоршуда дар саҳшифаи ин ширкат дар Фейсбук соате пештар роҳ барои мошинҳои сабукрав аз Хуҷанд ба самти Душанбе боз шуда буд. Ин лаҳза хабар дод, ки  “Ҳаракати нақлиёти сабукрав аз самти Душанбе ба тарафи Хуҷанд низ оғоз шуд. Ҳоло роҳ аз ҳарду самт барои нақлиёти сабукрав кушода аст...

КҲФ: Хатари лағзиши тарма дар роҳҳо боқӣ мондааст. Роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе – Хоруғ муваққатан бастаанд (ВИДЕО)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба такрор ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар қитъаҳои роҳҳои мошингарди  Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз,  Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Мурғоб аз сабаби боришоти шадид хатари лағзиши тарма боқӣ мондааст.

Страницы